Таъмин гардидани сокинони ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби тозаи нӯшиданӣ

Январь 17, 2020 13:30

ХУҶАНД, 17.01.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо амалишавии як лоиҳаи мақсаднок бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мегарданд. Чанде қабл, вобаста ба амалишавии лоиҳаи «Таъмин намудани аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшидании тоза» аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Б. Ғафуров Мастура Комилӣ ва роҳбарияти ҶДММ «Билол — 2017» созишнома ба имзо расонида шуд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ Ховар масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, амали мазкур дар доираи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ба бахши хусусӣ» рӯи кор омада, дар доираи он иҷроиши корҳои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дар минтақаи ҷамоати зерин ҷойгирифта ба назар гирифта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, арзиши лоиҳаи мазкур 1 милиону 783 ҳазору 470 сомониро ташкил дода, маблағгузории лоиҳа 64% ва ё 1 144 481 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ «Билол – 2017» ва қарзи бонкӣ ва 36% ва ё 638 988 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории Агентии рушди байналмилалии Амрико (USAID) сурат мегирад.

Инчунин дар доираи амалишавии лоиҳа, ки муҳлати амалинамоии он шурӯъ аз давраи фаъолият бо назардошти таъмиру таҷдид, хароҷотҳо, дар сатҳи коршоям нигоҳдорӣ ва гирифтани фоида 35 сол пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 7000 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисор бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки айни замон дар ноҳия тавассути механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ чор лоиҳа, яъне дар самтҳои энергетика, тандурустӣ, маориф ва нақлиёт амалӣ шуда истода, лоиҳаи зерин дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат бо бахши хусусӣ» аввалин лоиҳа дар миқёси вилояти Суғд дар самти хизматрасонии коммуналӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки соли сипаригашта дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нушокӣ дар ноҳия, аз ҷумла маркази он шаҳраки Ғафуров бо дастгирии раиси ноҳия Зариф Назирӣ 3000 метр қубури полиэтилении қутраш 90 дастрас карда шуда, сокинони беш аз даҳ кӯча, аз ҷумла Озодӣ, Наҷмиддинов, Лоиқ Шералӣ, Валихон Ҳакимов, Абдуқодиров, Лоҳутӣ, Иронов ва Масаидов ба хати об пайваст гардида, бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин шудаанд.

Январь 17, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Коргоҳи дӯзандагии Литсеи касбӣ- техникии ноҳияи Шуғнон хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Дар ин мавзуъ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе Конфронси миллӣ оид ба ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд
Меҳринисо Тухтабоева: «Ифтихормандам, ки 6 писарам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи минтақавӣ сохта мешаванд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Хуросон шинос гардид
Дар Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занон конференсияи илмӣ — назариявӣ доир шуд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг ба мавсими сармо омода аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази ёрии таъҷилӣ бунёд мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар 5-умин Конфронси вазирони меҳнати Созмони ҳамкории исломӣ дар Озарбойҷон иштирок намуд
Парафшонии Парчами давлатӣ моро ба сӯи дастовардҳои навин ҳидоят менамояд,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Суди Олӣ