«ТАРОНАИ ВАҲДАТ» — таҳти ин унвон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс доир мегардад

Январь 4, 2020 10:23

ДУШАНБЕ, 04.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақсро таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» доир менамояд.

Тавре сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ соли 2020 дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар ду давр баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳо, сарраёсату раёсатҳо, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор гардидаанд.

Инчунин ба ниҳодҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур аз аввали сол тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни мазкур  ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс, даври якуми онро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ моҳҳои март- май доир менамояд. Даври дуюми он моҳи июни соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор  мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат дар шаҳри Душанбе  бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Январь 4, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст