«ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ СММ -75». Дар Тоҷикистон маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ роҳандозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ оид ба ояндаи ҷаҳон, ки ба муносибати 75-солагии созмони мазкур эълон шудааст, оғоз мешавад.
«Ман бо камоли майл муждаи дар Тоҷикистон амалӣ шудани маъракаи бошукуҳи Дабири кулли СММ оид ба ояндаи ҷаҳонро, ки аз ҷониби СММ ба ифтихори 75-солагии ин созмон эълон шудааст, ба самъи шумо мерасонам», — омадааст дар паёми ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, хабар медиҳад БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар паём зикр шудааст, ки СММ соли 1945 бо мақсади дастгирии амалҳои дастаҷамъона ба хотири сулҳ, рушд ва таъмини ҳуқуқҳои ҳар як сокини сайёра таъсис ёфта буд. Аз он замон то имрӯз олам дигар шудааст, вале авлавиятҳои асосӣ тағйирнопазиранд. Ҳалли чунин масъалаҳо, аз қабили нобаробарӣ, тағйирёбии иқлим, тамоми шаклҳои зӯроварӣ, ки ба ноил шудан ба мақсадҳо дар бахши рушди устувор халал мерасонанд, назари умумии моро барои оянда, ҳамкориро бидуни марзҳо, бахшҳо ва наслҳо тақозо мекунад.
Ташаббуси ҷаҳонии СММ-75 ба гуфтгӯи умумиҷаҳонӣ ва амалҳо дар он хусус, ки мо чи тавр метавонем, сарфи назар аз хатарҳои зикршуда, ҷаҳонро беҳтар созем, мекӯшад. Ин ташаббус барои баргузор намудани музокирот дар ҳамаи сатҳҳо, аз синфхонаҳо то толори ҷаласаҳо, аз парлумон то сатҳи қабилаҳо; бо такя ба ҷавонон, занон ва духтарон ва садои онҳое, ки аксаран шунида намешавад, имкон фароҳам меорад.
«Маъракаи густурдаи миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири муҳокимаи масъалаҳои марбут ба ояндаи мо ва фарзандону набераҳоямон оғоз мегардад. Ба маърака ҷавонон ва калонсолон, занон ва мардон, соҳибкорон, хоҷагидорон, хизматчиёни давлатӣ, аъзои парлумон, духтарчаҳо ва писаракон, чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо фаро гирифта мешванд», — зикр намуд Пратибҳа Меҳта.
Андешаҳое, ки дар ҷараёни суҳбатҳо ҳосил мешаванд, барои ташккули назари ҷаҳонӣ дар соли 2045, вақте 100-солагии СММ таҷлил мегардад, мусоидат менамояд. Ҳар як овоз ба дарки хатарҳо дар роҳи ноил шудан барои чунин оянда ва ҳавасмандгардонии дастаҷамъонаи амалиёт барои татбиқи ин назар кумак мерасонад.
« Ин ҷаҳони мо ва ояндаи мост. Хоҳиш менамоям, то ба ман ҳамроҳ шавед, ба хотири он ки ҳар шахс дар дилхоҳ гӯшаи Тоҷикистон тавонад ақидаи худро дар бораи чӣ гуна будани ояндаи умумии мо баён намояд», — гуфта мешавад дар хотимаи паём.








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






