Тоҷикистон ва Беларус доираи васеи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Январь 23, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минск 22 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус  Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Андрей Евдоченко баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳои ҳарду давлатро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф дар соли 2019, ки аз мувофиқаҳои қаблӣ дар сатҳи роҳбарони ду давлат бармеоянд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи нақшаҳои соли 2020, аз ҷумла масъалаи доир намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳори назар намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати хешро барои боз ҳам тақвият додани муносибот таъкид намуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 23, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард