Трамп пас аз ҳамла ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ ба миллат муроҷиат накардааст

Январь 8, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Муроҷиати  Президенти ИМА Доналд Трамп ба миллат вобаста ба ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ шоми сешанбе  сурат нахоҳад гирифт. Дар ин бора шабакаи телевизионии  CNN, ки қаблан аз изҳороти муҳим доштани соҳиби Кохи Сафед баъд аз мулоқоти фавқулода бо вазири мудофиа, котиби давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иттилоъ дода буд, хабар додааст»,- мегӯяд  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Хадамоти матбуоти роҳбарияти  Амрико  ба зудӣ изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна муроҷиат ба миллат ҳатто ба нақша гирифта нашудааст.

«Котиби  матбуотии  Кохи Сафед Стефани Гришам гуфт, ки «саросемагӣ дар пайи аввалин шуда додани хабарҳои фаврӣ    ҷомеаро бори дигар қурбони паёмҳои бемасъулиятона мегардонад»,-  суханони ӯро  иқтибос овардааст ТАСС.

«Дар ҳоле, ки  ба гуфтаи хабаргузории  RT  Президенти ИМА Доналд Трамп  ҳамлаҳои мушакии Эронро   ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ шарҳ дода, дар «Twitter» навиштааст, ки «ҳамааш хуб аст».

Ба гуфтаи вай, айни замон маълумот дар бораи қурбониён ва ҷабрдидагон дақиқ карда шуда, инчунин зарари расонидашуда ҳисоб карда мешавад.

Трамп дар илова гуфтааст, ки  ният дорад  субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 8 ноябр изҳорот диҳад.

Январь 8, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд