Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кӯдакони аз Ироқ овардашуда хуб аст

Январь 30, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи будубоши он кӯдаконе, ки бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакатҳои ҷангзада, махсусан Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуданд, хуб буда, бо омӯзгорон ва равоншиносон таъмин ва зери назорати пайвастаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор доранд. Ҳатто муроҷиат оид  ба мулоқоти кӯдакон бо хешовандонашон ворид шуд ва онҳо бо бобою бибияшон дидор намуда тавонистанд. 

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Аҳад Содиқов дар ҷамъи намояндагони ВАО баён намуд.

Ҳамчунин зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зикр намуд, ки ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон идома дода шуд.  Соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо шомил гардид.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3249 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 587 ададаш хаттӣ ва 2662 адади дигараш муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.

Дар идома аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба дигар паҳлуҳои мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти ин ниҳод саволу ҷавоб сурат гирифт.

Январь 30, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид