ВАО дар бораи мавҷи дуюми зарбаҳои мушакӣ дар пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ хабар доданд

Январь 8, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хабаргузории  эронии Тасним дар бораи мавҷи дуюми зарбаҳои мушакӣ ба пойгоҳҳои ҳарбии Айн-ал –Асад,  воқеъ дар ғарби Ироқ иттилоъ додааст. Теҳрон аз ИМА даъват ба амал овард, ки ба хотири    роҳ надодан ба қурбониҳо  қӯшунҳои худро аз Шарқи Наздик берун созад,- хабар медиҳад  «Российская газета»

Хотирнишон месозем, ки шоми 8 январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (қӯшунҳои баргузида ва хоссаи  қувваҳои мусаллаҳи Эрон) ба ду  иншооти ИМА дар Ироқ ҳамлавар шуданд. Дар вақти ҳуҷум мушакҳои баллистикӣ ва болдор истифода шуданд, хабар медиҳад  маҷаллаи  Newsweek  бо истинод ба манбаъҳои хадамоти иктишофии Ироқ.

Қаблан дар Пентагон изҳор доштанд, ки ду пойгоҳ —  Айн ал-Асад ва фурудгоҳи Эрбил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Дар натиҷаи ин амалиёт  якчанд ҳавопаймои амрикоӣ маҳв карда шуданд, хабар медиҳад ТАСС.

Январь 8, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд