Вазорати корҳои хориҷӣ: шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Тюмени Россия ҷароҳат бардоштанд
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Тоболски вилояти Тюмени Федератсияи Россия шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар автобуси мусофирбар ҳамаи 35 нафар мусофирони автобус онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Дар байни онҳо як зан осеби сактаи мағзӣ бардоштааст ва айни замон дар беморхона аст. Се нафар шаҳрвандони мо, ки ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, пас аз гирифтани ёрии зарурии тиббӣ беморхонаро тарк карданд. Ба гуфти масъулин, ин ҳолат таҳти назорати сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия қарор дорад.
Тавре қаблан хабар дода будем, садамаи нақлиётӣ рӯзи душанбе дар километри 266-уми шоҳроҳи федералии Тюмен-Ханти-Мансийск бо ба ҳам бархӯрдани автобус ва мошини сабукрави Isuzu рух дод.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






