Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Январь 11, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ вохӯрии кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муродулло Давлатзода, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар робита ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки аз паём то паём марҳилаест, ки қадамҳои гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт баҳогузорӣ ва ҷамъбаст карда мешавад. Пешравиҳо дастгирӣ ёфта, камбудиҳо ошкор ва бартараф мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми худ дастовард ва камбудиҳои соли 2019-ро ёдовар шуда, барои пешрафти бештари соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба самтҳои стратегии кишвар бартарӣ дода шуд. Яке аз ин самтхо барномаҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба истиқлоли энергетикӣ буда, ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз авлавиятҳои Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад. Дар соли 2019 ба кор даровардани ду агрегати он яке аз бузургтарин дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол арзёбӣ гардид. Ҳукумати кишвар таъмини мардум бо нерӯи барқро вазифаи муҳимми худ дониста, дар партави Паёми Сарвари давлат дар ин самт чораҳои муассирро рӯи даст гирифтааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки яке аз хусусиятҳои Паём ин буд, ки он аз баррасии масоили сиёсӣ, таҳлили вазъи иҷтимоию cиёсӣ ва амниятии кишвар ва минтақа оғоз шуда, Сарвари давлат дар суханронии худ дар бораи авзои мураккаби манотиқи гуногуни дунё, махсусан Шарқи Наздик ва Афғонистон изҳори назар кард.

Дар поёни вохӯрӣ Муродулло Давлатзода зикр намуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ пешбарандаи сиёсати хориҷии кишвар буда, бояд барои фарогир ва ҷаҳонӣ шудани даъватҳои Пешвои миллат ва андешаҳои созандаи ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳад.

Январь 11, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд