МАРКО ПОЛО — БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Саршумори ин ҳайвони нодир якуним ҳазор сар афзудааст
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло, ки бо сабаби зебо будани шохҳояш бештари сайёҳон онро «зебосанами тоҷик» ё «красавчик» меноманд, якуним ҳазор сар афзуда, 26 483 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов зимни маҷлиси солонаи шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Тавре қаблан хабар дода будем, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии Тоҷикистон тандиси гӯсфанди Марко–Поло /Ovis ammon polii/, ки дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони нодир сабт гардидааст, гузошта шуда, ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани саршумори гӯсфанди Марко Поло аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб Пажӯҳишгоҳи гӯсфанди Марко Поло таъсис дода мешавад.
Бино ба маълумоти Абдусаттор Саидов, соли 2019 баҳисобгирии саршумори гӯсфанди Марко Поло, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва бузи пармашох дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб, қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати шоҳ, Оқтов, Сарсарак, Хоҷақозиён, Териклитов, кӯҳҳои Санглох ва парваришгоҳи Хуталон гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 26 483 сар гӯсфанди Марко Поло, 832 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва 2 929 сар бузи пармашох ба қайд гирифта шуданд.
«Таҳлил бо истифода аз низоми иттилоотии ҷуғрофӣ нишон дод, ки зичии гӯсфанди Марко Поло дар 1 км2 аз 35 то ба 86 сарро ташкил медиҳад. Маълумот оид ба саршумори ҳайвоноти нодир барои муайян намудани меъёри (квотаи) шикори ғаниматӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд», — гуфт олими тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли 2019 зимни нишасти мутбуотӣ сардори шуъбаи истифодаи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев зикр намуда буд, ки тибқи мониторинги охирин, шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло 25 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Баъди ин нишондод маълум мегардад, ки саршумори ин навъи гӯсфанд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб якуним ҳазор сар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, то истиқлолияти ҷумҳурӣ шумораи Марко Поло тақрибан 12 ҳазор сарро ташкил менамуд. Соли 2015 шумораи Марко Поло ба 20-22 ҳазор расонида шуд.
Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Имрӯз ба шикори гӯсфанди Марко Поло бештар сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ дошта, 50-56 фоиз шикорчиён амрикоиҳо мебошанд. Квотаҳо асосан барои ҷалби сайёҳон ҷудо карда мешаванд. Гӯсфанди Марко Поло дар Ҷумҳурии Афғонистон, Чин ва Қирғизистон низ мавҷуд аст, вале зернамуди гӯсфанди Марко Полои Тоҷикистон зеботар буда, диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад.









Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад






