Яке аз соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шуд

Январь 10, 2020 17:41

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор номзадии узви ҲХДТ, яке аз соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор №7 пешбарӣ шуд.

Дар кори Конференсия ба намояндагӣ аз Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муовини аввал ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо иштирок намуданд. Дар Конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор №7 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вакилон бо ҷонибдорӣ ва овоздиҳии пинҳонӣ номзадии узви ҲХДТ, директори ҶДММ «Гурӯҳи Самимӣ Констракшн» Сурайё Ӯроқоваро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор №7 пешбарӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Сурайё Ӯроқова аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чанд соли қабл ӯ бо харҷи 27 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бинои истиқоматии 12 — ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод. Дар расми ифтитоҳи иншооти  мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.

ДАР АКС: бинои бунёдкардаи соҳибкор Сурайё Ӯроқова дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе. Акс аз байгонӣ

АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ки дар марҳилаи сохтмон 80 ҷой ва баъди ифтитоҳи иншоот 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Сарвари давлат ба иқдоми Сурайё Уроқова барои бунёди бинои истиқоматӣ ва , муҳимтар аз ҳама,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд доданд.

Сурайё Ӯроқова 27 марти соли 1973 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос аъло хатм кардааст. Яке аз соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чандин иншооти азими иҷтимоиро дар шаҳри Душанбе бунёд намудааст. Аз соли 2005 инҷониб дар вазифаи директори генералии ҶДММ «Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн» фаъолият мекунад. Соли 2016 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Январь 10, 2020 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд