Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак номзадии сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 пешбарӣ шуд.
Дар кори Конференсия узви КИМ ҲХДТ Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмуҳаммад Каримзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри НоракҚумринисо Гулмуродзода ширкат намуданд.
Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 баррасӣ гардид.
Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо гирифтани 168 овоз аз шумораи умумии 170 вакили конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 пешбарӣ гардид.
Лутфия Абдулхолиқзода зодаи ноҳия Данғара буда, 5 декабри соли 1971 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниробо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиётхатм намудааст. Дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намуда, солҳои 2015-2019 вазифаи ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Аз январи соли 2019 ба ҳайси сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






