«Ҳамдаму ҳамрози ҷониям китоб!»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб бо баргузории ҳамоиши илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Ҳамдаму ҳамрози ҷониям китоб!» бо иштироки устодону донишҷӯён ва шоири шинохта Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун доир гардид.
Созмондиҳандаи асосии ҳамоиш директори китобхонаи илмии донишгоҳ ва устоди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Ситора Абдумуминзода мебошад, ки зимни суҳбат бо хабарнигори «Ховар» ҳадафи баргузории ҳамоишро оммавигардонии анъанаи ҳадяи китоб дар ҷомеа ва коштани муҳаббат нисбат ба китобу мутолиа арзёбӣ намуд.
«Қаблан низ гуфта будам, ки тамоми мушкилиҳои ҷомеаи мо, аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ аз ҷониби ҷавонон, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра аз нахондани китобу рӯзномаҳои даврӣ маншаъ мегирад», -гуфт Ситора Абдумуминзода ва илова намуд, ки бояд ҷашни ҳадяи китоб дар тамоми ҷумҳурӣ густурдатар доир шавад.
Соли сеюм аст, ки аз ҷониби китобхонаи илмии Донишгоҳи технологӣ ба муносибати ин рӯз аксияи ҳадяи китоб ва мизи гирд доир карда мешавад. Ба андешаи Ситора Абдумуминзода, масъулони соҳаро мебояд, то пешниҳодҳои судмандеро ба Вазорати фарҳанг ҷиҳати баргузории барномаи бузурги фарҳангӣ ироа намоянд. Мо бо ин роҳ метавонем фарҳанги ҷомеа ва маҳбубият пайдо намудани китоб ва мутолиаи онро миёни ҷомеа беҳтар созем. Махсусан дар оммавигардонии ин ҷашн бояд китобдорон, нашриёт, китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, дар ҳамоиши илмӣ-оммавӣ коршиносон дар мавзӯъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ», «Муҳимияти таҷлили Рӯзи ҳадяи китоб дар роҳи рушди фарҳанги мутолиа», «Роҳҳои муаррифии китобҳои арзишманд ба хонанда» ва «Ҷойгоҳи китоби арзишманди «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби созмондиҳандаи ҳамоиш 110 адад китоби бадеии «Калиди орзуҳо» ба ҳамаи иштирокҷиёни ҷашни ҳадяи китоб эҳдо гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонидани ин паём аст: танҳо китобхонӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад.
Маҳз ба ҳамин хотир бори нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли 2019 ва барои ҳамасола баргузор намудани он 5 феврали соли 2020 дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Амри махсус ба имзо расониданд, ки аз таваҷҷуҳи бесобиқаи он кас нисбат ба соҳибмаърифатии ҷомеа дарак медиҳад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






