«Ҳамдаму ҳамрози ҷониям китоб!»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб дар Душанбе

Февраль 14, 2020 16:49

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб  бо баргузории ҳамоиши илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Ҳамдаму ҳамрози ҷониям китоб!» бо  иштироки устодону донишҷӯён ва шоири шинохта Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун доир гардид.

Созмондиҳандаи асосии ҳамоиш директори китобхонаи илмии донишгоҳ ва устоди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Ситора Абдумуминзода мебошад, ки зимни суҳбат бо хабарнигори «Ховар» ҳадафи баргузории ҳамоишро оммавигардонии анъанаи ҳадяи китоб дар ҷомеа ва коштани муҳаббат нисбат ба китобу мутолиа арзёбӣ намуд.

«Қаблан низ гуфта будам, ки тамоми мушкилиҳои ҷомеаи мо, аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ аз ҷониби ҷавонон, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра аз нахондани китобу рӯзномаҳои даврӣ маншаъ мегирад», -гуфт Ситора Абдумуминзода ва илова намуд, ки  бояд ҷашни ҳадяи китоб дар тамоми ҷумҳурӣ густурдатар доир шавад.

Соли сеюм аст, ки аз ҷониби китобхонаи илмии Донишгоҳи технологӣ ба муносибати ин рӯз аксияи ҳадяи китоб ва мизи гирд доир карда мешавад. Ба андешаи Ситора Абдумуминзода, масъулони соҳаро мебояд, то пешниҳодҳои судмандеро  ба Вазорати фарҳанг ҷиҳати баргузории барномаи бузурги фарҳангӣ ироа намоянд. Мо бо ин роҳ метавонем фарҳанги ҷомеа ва маҳбубият пайдо намудани китоб ва мутолиаи онро миёни  ҷомеа беҳтар созем. Махсусан дар оммавигардонии ин ҷашн  бояд китобдорон, нашриёт, китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, дар ҳамоиши илмӣ-оммавӣ коршиносон дар мавзӯъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ», «Муҳимияти таҷлили Рӯзи ҳадяи китоб дар роҳи рушди фарҳанги мутолиа», «Роҳҳои муаррифии китобҳои арзишманд ба хонанда» ва «Ҷойгоҳи китоби арзишманди «Тоҷикон»-и устод  Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби  созмондиҳандаи ҳамоиш 110 адад китоби бадеии «Калиди орзуҳо» ба ҳамаи  иштирокҷиёни ҷашни ҳадяи китоб эҳдо гардид.

Ёдовар мешавем, ки  ҳадаф  аз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонидани ин паём аст: танҳо китобхонӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад.

Маҳз ба ҳамин хотир бори нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли 2019 ва барои ҳамасола баргузор намудани он 5 феврали соли 2020   дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Амри махсус ба имзо расониданд, ки аз таваҷҷуҳи бесобиқаи  он кас нисбат ба соҳибмаърифатии ҷомеа дарак медиҳад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2020 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
«МАСНАВИХОНӢ». Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд