Ҷамшед Ғанизода: «Имсол донишкада нақша дорад, ки довталабонро ба зинаи доктор PhD аз рӯйи равияи «Санъатшиносӣ» қабул намояд»

Февраль 7, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2020 донишкада нақша дорад, ки довталабонро ба зинаи доктор PhD  аз рӯйи равияи «Санъатшиносӣ» қабул намояд.

Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо муассисаҳои олии хориҷи мамлакат омӯзгорони донишкада аз кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ» ва «Санъатшиносӣ» дар Симпозиуми байналмилалии санъати ҳайкалтарошӣ- «Восхождения» ва конфронсҳои илмӣ дар Ӯзбекистон ва Арманистон фаъолона иштирок намуданд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иброз намуд.

Ҷ.Ғанизода зикр кард, ки айни  замон теъдоди муҳассилини  донишкада 1592 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 22 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва Чин буда, тариқи бурсияҳо дар донишкада таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва дизайн раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки дар донишкада таълим дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.

Февраль 7, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид