Ҷамшед Ғанизода: «Имсол донишкада нақша дорад, ки довталабонро ба зинаи доктор PhD аз рӯйи равияи «Санъатшиносӣ» қабул намояд»
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 донишкада нақша дорад, ки довталабонро ба зинаи доктор PhD аз рӯйи равияи «Санъатшиносӣ» қабул намояд.
Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо муассисаҳои олии хориҷи мамлакат омӯзгорони донишкада аз кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ» ва «Санъатшиносӣ» дар Симпозиуми байналмилалии санъати ҳайкалтарошӣ- «Восхождения» ва конфронсҳои илмӣ дар Ӯзбекистон ва Арманистон фаъолона иштирок намуданд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иброз намуд.
Ҷ.Ғанизода зикр кард, ки айни замон теъдоди муҳассилини донишкада 1592 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 22 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва Чин буда, тариқи бурсияҳо дар донишкада таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва дизайн раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ то инҷониб бо 8 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки дар донишкада таълим дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.








Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд






