Ҷамшед Нурмаҳмадзода: Бо истифодаи фишангҳои монетарӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 05.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои вазъи иқтисоди берунию дохилӣ ва нисбатан коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ меъёри бозтамвилро тадриҷан аз 14,75 фоиз то 12,25 фоизи солона, яъне 2,5 банди фоизи паст намудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар нишасти матбуотӣ зимни тавзеҳи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар соли гузашта изҳор намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат равона намуд. Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 77,44 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2018 2 банди фоизӣ зиёд аст. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 13 фоиз, гардиши савдои чакана зиёда аз 9 фоиз, кишоварзӣ, 7,1 фоиз ва хизматрасонии пулӣ қариб 3 фоиз мусоидат намудааст.
Бо дахли сатҳи таваррум Ҷамшед Нурмаҳмазода афзуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ ва берунӣ дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати зиддитаваррумӣ бо истифодаи фишангҳои монетарӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум дар доираи дурнамои пешбинишуда ҷамъбаст гардида, 8 фоизро ташкил дод.
Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки бо мақсади коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, нигоҳ доштани раванди мӯътадилии ҳаҷми пул, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок соли ҳисоботӣ 141 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 16 миллиард сомонӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон вобаста ба вазъи низоми бонкии мамлакат Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 75 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд, 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Гуфта шуд, ки дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 22 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3,7 фоиз зиёд шудаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади рушди низоми бонкӣ ҳамкории самарабахшро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Давлатии Рушди Чин, Бонки Рушди Авруосиё, инчунин фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои миллӣ ва сохторҳои бонкии давлатҳои хориҷӣ тақвият бахшидааст.
Ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд соли гузашта низоми бонкии мамлакат 114,1 миллион доллари амрикоӣ қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ҷалб намуд, ки дар қиёс ба соли 2018 32 фоиз зиёд аст.









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






