Ҷамшед Нурмаҳмадзода: Бо истифодаи фишангҳои монетарӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил дод

Февраль 5, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 05.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои  вазъи иқтисоди берунию   дохилӣ  ва нисбатан   коҳиш ёфтани  таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ меъёри  бозтамвилро  тадриҷан аз 14,75 фоиз то  12,25 фоизи солона, яъне 2,5 банди фоизи паст намудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар   нишасти матбуотӣ  зимни тавзеҳи  вазъи  макроиқтисодӣ ва фаъолияти  низоми бонкии мамлакат дар соли гузашта изҳор намуд, ки   Бонки миллии Тоҷикистон соли  гузашта сиёсати  самарабахши  пулию  қарзӣ  ва асъории худро  барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархҳо, танзими ҳаҷми  пул дар иқтисодиёт, таъмини  суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди  устувори иқтисодиёти мамлакат  равона намуд. Ин дар ҳолест, ки  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  соли гузашта дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба 77,44 миллиард сомонӣ баробар гардида,  афзоиши воқеии он  7,5 фоизро  ташкил дод, ки дар қиёс  ба соли  2018   2 банди фоизӣ   зиёд аст. Дар ин давра  ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ  беш аз 13 фоиз,  гардиши савдои чакана зиёда аз 9 фоиз,  кишоварзӣ,  7,1 фоиз ва хизматрасонии пулӣ қариб 3 фоиз мусоидат намудааст.

Бо дахли сатҳи таваррум Ҷамшед Нурмаҳмазода афзуд, ки  новобаста аз таъсири  омилҳои    мавсимӣ, маъмурӣ ва  берунӣ дар натиҷаи  татбиқи самараноки   сиёсати зиддитаваррумӣ  бо истифодаи  фишангҳои   монетарӣ  ва мӯътадил  гардонидани   вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум   дар доираи   дурнамои пешбинишуда ҷамъбаст гардида,  8 фоизро ташкил дод.

Инчунин Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон   таъкид кард, ки бо мақсади  коҳиш додани  фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, идоракунии самараноки  сатҳи пардохтпазирии  бонкҳо,  нигоҳ доштани раванди мӯътадилии ҳаҷми пул, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок  соли ҳисоботӣ  141 музоядаи фурӯши  коғазҳои қиматноки  Бонки миллии Тоҷикистон  дар ҳаҷми  беш аз 16 миллиард  сомонӣ  баргузор  гардид.

Ҳамзамон вобаста ба вазъи  низоми бонкии мамлакат Ҷамшед Нурмаҳмадзода  иброз дошт, ки  дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ  75 ташкилоти  қарзии молиявӣ, аз ҷумла  16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти   амонатии  қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд,  328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилоти  қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Гуфта шуд, ки дороиҳои   ташкилотҳои  қарзии молиявӣ  дар ин давра  22 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3,7 фоиз зиёд шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон  ҳамзамон бо мақсади  рушди низоми  бонкӣ ҳамкории самарабахшро  бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Давлатии Рушди  Чин, Бонки Рушди Авруосиё, инчунин фондҳои  байналмилалӣ, бонкҳои миллӣ ва сохторҳои  бонкии давлатҳои  хориҷӣ  тақвият бахшидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи  ба роҳ мондани ҳамкории судманд   соли гузашта  низоми бонкии мамлакат  114,1 миллион  доллари амрикоӣ қарз  ва сармоягузориҳои  мустақими хориҷиро ҷалб намуд, ки дар қиёс ба соли 2018  32 фоиз  зиёд аст.

Февраль 5, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6631 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»