Антониу Гутерриш Сезин Синаноғлуро Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъйин кард

Февраль 26, 2020 15:27

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Сезин Синаноғлуро ба ҳайси Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон бо розигии ҳукумати давлати мизбон таъйин кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилоияи хадамоти матбуоти СММ, ки 20 феврал интишор гардид, хабар медиҳад.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки хонум Синаноғлу таҷрибаи 25-сола дар соҳаи рушд дошта, аз ҷумла 22 сол дар Барномаи Рушди СММ (БРСММ) кор кардааст. Аз моҳи июли соли 2015 ӯ ҳамчун Ҳамоҳангсози доимии СММ ва ҳамзамон то охири соли 2018 ба ҳайси Намояндаи доимии БРСММ дар Босния ва Ҳерсеговина фаъолият намудааст.

То ин дам ӯ Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Муғулистон буд. Ӯ ҳамчунин дар БРСММ дар Ироқ, Туркманистон ва Қирғизистон, инчунин дар Барномаи ихтиёриёни СММ дар Бонни Германия вазифаҳои баландро ишғол кардааст.

Ӯ инчунин ба ҳайси шаҳрсоз дар ҳукумати Туркия ва дар бахши хусусӣ дар ИМА то соли 1995- замони ба Идораи БРСММ дар Туркия ба сифати корманди барномавӣ ҳамроҳ шудан фаъолият намудааст.

Хонум Синаноғлу дорои дараҷаи бакалавр аз рӯи ихтисоси банақшагирии шаҳрӣ ва минтақавӣ ва дараҷаи магистр аз рӯи ихтисоси банақшагирии шаҳрии Донишгоҳи Техникии Шарқи Наздик дар Анқара мебошад.

Февраль 26, 2020 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд