Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст

Февраль 13, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 13 феврал зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти  Вазорати молияи мамлакат зикр кард, ки вобаста ба рушди иқтисодии  ҷумҳурӣ  ҳаҷми умумии  даромади буҷети давлатӣ  бо дарназардошти  маблағҳои  барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси  муассисаю ташкилотҳои  буҷетӣ ба 23,2 миллиард  сомонӣ баробар гардида,  иҷрои  нақшаи нишондиҳандаҳои  мазкур 99,7 фоиз таъмин шуд.

Ба буҷети давлатӣ соли сипаригардида аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 11 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст.

Рушди иқтисодии мамлакат дар ин давра асосан аз ҳисоби 13,6 фоиз зиёд гардидани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 7,1 фоизи  соҳаи кишоварзӣ  ва 9 фоиз  гардиши савдо ва хизматрасонии пулакӣ-дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 2,9 фоиз таъмин шудааст.

Инчунин, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба зиёда аз 4,5 миллиард доллари амрикоӣ  баробар гардид, ки  дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  беш аз 299 миллион доллар  ё ба андозаи 7,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 1,1 миллиард доллари амрикоӣ молу маҳсулот  содирот намуд, ки ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 26 фоизро ташкил медиҳад. Ба Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 3,3 миллиард доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид карда шуд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 198,3 миллион доллари амрикоӣ ё 6,3 фоиз зиёд буда, ҳиссаи воридот  дар гардиши савдои хориҷӣ  74 фоизро ташкил додааст.

Гуфта шуд, ки  дар сохтори ҳаҷми умумии  даромади буҷети давлатӣ пардохтҳои андозӣ ва ғайриандозӣ 17,8 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ  2,1 миллиард сомонӣ  ва маблағҳои азхудшудаи  лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

 

Февраль 13, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд