БАРҚУ ГАРМӢ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНА МЕХОҲАНД. Вазорати энергетика ва захираҳои об лоиҳаҳои нави қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ва гармиро таҳия намудааст

Февраль 13, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.    Аз ҷониби гурӯҳи кории босалоҳият лоиҳаҳои нави «Қоидаҳои истифодаи энергияи барқ» ва «Қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ» таҳия гардидаанд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ин ду лоиҳа дар сомонаи вазорат- www.mewr.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда шудаанд.

Бо дарназардошти ин, тавре ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ин мақомот шарҳ доданд,  истифодабарандагон метавонанд ҳуҷҷати мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои худро то 25 феврали соли 2020  бо мактуби расмӣ ва ё тариқи почтаи электронӣ (maksud_ismatov@mail.ru) ба   Вазорат пешниҳод намоянд.

Пешниҳодҳои баъд аз санаи зикргардида воридшуда мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

Ҷиҳати баррасии ниҳоии маводи мазкур ва мувофиқаи минбаъдаи он бо вазорату идораҳои дахлдор 2 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор мегардад.

Дар ҳолати ҳавасмандӣ шахсони ҳуқуқиву воқеӣ барои ширкат варзидан дар ин ҷаласа метавонанд рӯйхати намояндагони худро бо зикри ному насаб ва вазифа барои гирифтани иҷозатномаи воридшавӣ ба бинои Вазорат то 25 феврали соли 2020 ирсол намоянд.

Февраль 13, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст