Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шарҳи матбуоти даврӣ

Февраль 20, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №33 (23 888), ки рӯзи панҷшанбе, 13 феврали соли 2020  ба нашр расидааст, матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва гузориш аз ҷараёни ҷаласаи мазкурро рӯйи чоп овардааст.

Аз ҷумла, дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст: «Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тавассути майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории бист ҷаласаи Шӯрои машваратӣ давоми 13 соли фаъолияти он, бешубҳа, ба вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат равона гардидааст».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон давлати аграрию саноатӣ буда, ба мамлакати саноатию аграрӣ табдил додани он яке аз ҳадафҳои стратегии мо мебошад.

«Маҳсулоти кишоварзии дар мамлакати мо истеҳсолшаванда имкон медиҳад, ки дар баробари содирот намудани маҳсулоти хушсифат, инчунин раванди коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва тиҷоратикунонии он бо татбиқи силсилаҳои ба ин раванд алоқаманд ҳарчи бештар фаъол гардонида шавад.

Яке аз роҳҳои амалисозии самти мазкур ташкил ва рушди занҷираи арзиши иловашуда то маҳсулоти ниҳоӣ дар бахши агросаноатӣ мебошад», — афзуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» инчунин оид ба нишастҳои матбуотӣ хабару гузоришҳои зиёде нашр шудаанд, ки инъикоси фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мақомоти давлатиро фаро мегиранд.

Мухбири рӯзнома дар хусуси дар шаҳри Душанбе таъсис додани корхонаҳои саноатии сершумор хабар омода намудааст, ки дар он аз ҷумла нигоштааст: «Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2019 корхонаҳои шаҳр ба маблағи 2, 7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дарсад зиёд мебошад. Содироти маҳсулот ба 5, 2 миллион доллари ИМА расид».

Дар гузориш бо истинод ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки соли сипаришуда бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр корхонаҳои муосири истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватании «Зиркон», ҷиҳозбарории «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти заргарии «Равшан» ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо таъсиси беш аз 500 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон барои бунёди  корхонаҳои истеҳсоли семент, орд, қолин, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ бо 1150 ҷои кор санги асос гузошта шуд.

Ҳамин тариқ, дар шумораҳои рӯзҳои 14,17,18 ва 19 феврал нашршудаи рӯзнома хонандагони имкон доранд маводи сершуморро оид ба шарҳи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, омодагиҳо ба баргузории интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ, Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», рушди саноат, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва ғайра мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи №20 (4126), нашри рӯзи 13 феврали соли 2020  ба хонандагон гузоришҳои сершумореро пешниҳод намудааст, ки масъалаҳои муҳими рӯзро дар бар мегиранд.

Хабарнигорони рӯзнома дар ин шумора дар хусуси омодагиҳо ба баргузории интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузориш омода намудаанд.

Дар шумораи №21- рӯзномаи «Садои мардум» (4127) шанбе, 15 феврали соли 2020 гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум нашр шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа вакилони мардумӣ Кодекси нақлиёти автомобилӣ ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул намуданд.

Бино ба гузориши рӯзнома, лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода шарҳ додааст.

«Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи конвенсияю созишномаҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия гардидааст», — навиштаст «Садои мардум».

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Тибқи гузориши рӯзнома, мақсади асосӣ аз таҳияи лоиҳаи кодекс ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба мамлакати  транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дар ҳамин асос мутобиқгардонии қонунгузории миллии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи конвенсия, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон дар лоиҳа механизми муосири сис­темаи идоракунии давлатӣ, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта, пешбинӣ ва бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна масъалаи татбиқи амалишавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба инобат гирифта шудааст.

«Садои мардум» дар шумораи дигари худ фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз вазифа озод намудан ва ба вазифа таъйин намудани як қатор шахсони масъули мақомоти давлатӣ то сатҳи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нашр расонидааст.

Хабарнигорони рӯзнома инчунин дар бораи масъалаҳои муҳимтарини замони муосир хабару гузориши сершумор омода ва нашр намудаанд.

Дар шумораи навбатии  нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» №8 (19 феврали соли 2020,)  мавод оид ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати Ҳукумат ва вазорату кумитаҳои давлатӣ, ки  аз ҷониби   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, нашр шудааст.

Ҳафтанома ба хонандагони худ матни пурраи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро бо забони русӣ рўи чоп оварда, ҳамзамон маводи сершуморро оид ба омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро пешкаши хонандагон гардонидааст.

Аз ҷумла, дар «Народная газета» таҳти сарлавҳаҳои «Махфират Хидирзода: «Призываю избирателей сознателно подойти к выбору кандидатов»,  «Бахтиёр Худоёрзода встретился с  миссией БДИПЧ/ОБСЕ», «Избирательная кампания идет полным ходом», «ЦКВР произвела аккредитацию 108 международных наблюдателей» хабару гузоришҳо чоп шудаанд.

Инчунин дар ин шумораи ҳафтанома мавод бахшида ба Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Служба в рядах Национальной армии- священный долг каждого гражданина» ва «Любовь к Родине –часть веры» ба нашр расидаанд.

Дар шумораи навбатии нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми  пойтахт» №7 (19 феврали соли 2020) гузориш аз раванди иштирок ва матни пурраи суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нашр шудааст.

Дар саҳифаҳои дигари ин шумора корҳои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва вохӯриву мулоқоти номзадон ба интихобкунандагон ва муаррифии номзадҳои ХХДТ ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ рӯи чоп омадаанд.

Матбуоти дигари даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Халқ овозӣ», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Бадахшон» ва ғайра оид ба рушди саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, корҳои омодагиву тарғиботи ба интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарраву ҳалталаб ба хонандагони худ маводи сершумор пешниҳод намудаанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд