Дар «Gulfood»-и Дубай хушкмева ва лимӯи тоҷикии Мейер муаррифӣ гардид

Февраль 18, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, назири «Меваи Тиллоӣ» ва «Орои Исфара», «Комбинати хӯроквории шаҳри Бохтар» ва хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ» аз ноҳияи Ҷайҳун маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро, ки аз меваҳои хушк ва лимӯ иборатанд, дар 25-умин Намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ, таҷҳизот барои меҳмонхонаву тарабхона ва таббохии кишварҳои Халиҷи Форс — «Gulfood 2020», ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  идома дорад,  ба намоиш  гузоштанд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «Gulfood 2020» дар Дубай иштирок доранд, асосан ба содироти меваҳои хушк ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, хусусан Осиёи Шарқӣ, инчунин  лимӯи баландсифати тоҷик бо навъи Мейер машғуланд.

Ҳадафи иштироки соҳибкорони тоҷик дар аз намоишгоҳи «Gulfood 2020» шиносоӣ бо имконот ва талаботи бозорҳои минтақаи халиҷи Форс ва Шарқи Наздик, фарох гардонидани имкониятҳои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷа ва баргузор намудани гуфтушунид бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ мебошад, иттилоъ медиҳад манбаъ.

«Gulfood» бузургтарин ва бонуфузтарин намоишгоҳи  тиҷоратии хӯрокворӣ ва нӯшокӣ дар ҷаҳон бо шумораи зиёди меҳмонон, иштирокдорон ва  амалиёти тиҷоратӣ ба шумор меравад, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор ширкатҳо аз 120 кишвар ва беш аз 97 ҳазор нафар меҳмонон аз 185 давлат иштирок мекунанд. Барои ин майдони намоишии маркази савдои Дубай /Dubai World Trade Centre -DWTC/ ба масоҳати 127 000 метри мураббаъ ва аз ҳисоби павилйонҳои муваққатӣ 23,000 метри мураббаъ васеъ гардонида шудааст.

Иштироки ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони тоҷикро дар  Намоишгоҳи байналмилалии «Gulfood 2020» Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии  лоиҳаи USAID оид ба «Рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ  (CTJ)  таъмин намудааст.

25-умин Намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ, таҷҳизот барои меҳмонхонаву тарабхона ва таббохии кишварҳои Халиҷи Форс «Gulfood 2020», ки 16 феврал дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид, 20 феврал ба анҷом мерасад.

Февраль 18, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд