Дар Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия аз Тоҷикистон 20 нафар курсантон таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода аз моҳи май то сентябри соли 2019 барои оилаҳое, ки хонаҳояшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ пурра ё қисман хароб шуда буданд — дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоби ВМКБ, Хуросон, Восеъ, Фархори вилояти Хатлон, инчунин ба шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳаҷми 125 ҳазору 850 сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ ҷудо карда шуд. Ҳамаи ин кумакҳо бо воситаҳои техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони зарардида расонида шуданд. Илова бар ин, ба аҳолии зарардида созмонҳои байналмилалӣ низ кумак карданд.
Ин матлаб 6 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир шуд, иброз гардид.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2019 113 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 41 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ ва тамринҳо дар хориҷи мамлакат ширкат намуданд. 168 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар қаламрави мамлакат аз омӯзиш гузаштанд.
«Соли 2019 9 нафар ба Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия дар самти омодагии «Бехатарии техникӣ» дохил шуданд. Айни замон дар Академияи мазкур се афсари амалкунандаи Кумита ва 20 курсант аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд»,- иброз доштанд масъулин.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






