Дар Бадахшон баҳри бунёди неругоҳҳои нави барқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурра таъмин намудани аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқ дар чор фасли сол тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Сохтмони НБО — и Себзор бо иқтидори 11 МВт ба маблағи зиёда аз 43 млн доллар (муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022), бунёди неругоҳи офтобии 200 КВт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 доллар (муҳлати ба итмом расонидан моҳи июни соли 2020) аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ин нукта зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд, ки 18 феврал дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, зикр гардид. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ — иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд намояндаи ширкати «Помир Энерҷӣ» бо муаррифӣ намудани нақшаи ширкат ҳамаро мутмаин сохт, ки мушкилии мавҷудаи соҳа солҳои наздик бартараф хоҳад шуд.
Дар ду-се соли оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят ҳамчунин сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибридӣ (офтобӣ ва бодӣ) дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг баҳри таъмини пурраи аҳолӣ бо қувваи барқ бо арзиши лоиҳавии 5 млн доллар (муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022), НБО – и Хатфат (450 кв) дар деҳаи Рошорв баҳри таъмини аҳолии 5 деҳа бо маблағи 2,1 млн доллар ( муҳлати иҷро соли 2021) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 110 кв: Хоруғ — Қозидеҳ, Поршинев-Бунӣ, Бунӣ-Вомар, Дашти Язгулом – Сурхсангови ноҳияи Ванҷ ва бо ҳамин пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят ба шабакаи ягонаи ҷумҳурӣ, зеристгоҳи барқии 35/110 квт дар мавзеи Себзор ва шаҳри Хоруғи вилоят ( муҳлат-нимаи аввали соли 2020), таъмин намудани 42 000 аҳолии Вилояти Бадахшони Афғонистон бо неруи барқ тавассути сохтмони хатҳои барқии байнимарзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвоз дар назар дошта шудааст.
Дар умум дар муддати солҳои фаъолият бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд ширкати «Помир Энерҷи» тавонист барои амалӣ намудани 33 барнома 111 млн доллар ҷалб намояд ва ин имкон дод, ки тавоноии қувваи барқи вилоят аз 23,7 МВт дар соли 2003 ба 44,1 МВт дар соли 2019 ва ба 55 МВт дар ду-се соли оянда расонида шавад.
Мавриди зикр аст, ки таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф хеле ҳам назаррас буда, оғоз аз сохтмони неругоҳи барқии кӯчак то иншооти аср-сохтмони НБО-и Роғунро дар бар мегирад. Натиҷаи саъю кӯшиши Пешвои миллат, заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва ташкили ҳамкории натиҷабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Тоҷикистон бебарқиро ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳанд гузошт.








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






