Дар Бадахшон баҳри бунёди неругоҳҳои нави барқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

Февраль 20, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурра  таъмин намудани аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқ дар чор  фасли сол тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Сохтмони НБО — и Себзор бо иқтидори 11 МВт ба маблағи зиёда аз 43 млн доллар (муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022), бунёди  неругоҳи офтобии 200 КВт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 доллар (муҳлати ба итмом расонидан моҳи июни соли 2020) аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ин нукта зимни вохӯрӣ  бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд, ки  18 феврал дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, зикр гардид. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ — иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд намояндаи ширкати «Помир Энерҷӣ» бо муаррифӣ намудани нақшаи ширкат ҳамаро мутмаин сохт, ки  мушкилии мавҷудаи соҳа   солҳои наздик бартараф хоҳад шуд.

Дар ду-се соли оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят ҳамчунин сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибридӣ (офтобӣ ва бодӣ) дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг баҳри таъмини пурраи аҳолӣ бо қувваи барқ бо арзиши лоиҳавии 5 млн доллар (муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022),   НБО – и Хатфат (450 кв) дар деҳаи Рошорв баҳри таъмини аҳолии 5 деҳа бо маблағи 2,1 млн доллар ( муҳлати иҷро соли 2021) ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин  сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 110 кв: Хоруғ — Қозидеҳ, Поршинев-Бунӣ, Бунӣ-Вомар, Дашти Язгулом – Сурхсангови ноҳияи Ванҷ ва бо ҳамин пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят ба шабакаи ягонаи ҷумҳурӣ, зеристгоҳи барқии 35/110 квт дар мавзеи Себзор ва шаҳри Хоруғи вилоят ( муҳлат-нимаи аввали соли 2020), таъмин намудани 42 000 аҳолии Вилояти Бадахшони Афғонистон бо неруи барқ тавассути сохтмони хатҳои барқии байнимарзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвоз дар назар дошта шудааст.

Дар умум дар муддати солҳои фаъолият  бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд ширкати «Помир Энерҷи»  тавонист барои амалӣ намудани 33 барнома 111 млн доллар ҷалб намояд ва ин имкон дод, ки тавоноии қувваи барқи вилоят аз 23,7 МВт дар соли 2003 ба 44,1 МВт дар соли 2019 ва ба 55 МВт дар ду-се соли оянда расонида шавад.

Мавриди зикр аст, ки  таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф хеле ҳам назаррас буда, оғоз аз сохтмони неругоҳи барқии кӯчак то иншооти аср-сохтмони НБО-и Роғунро дар бар мегирад. Натиҷаи саъю кӯшиши Пешвои миллат, заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва ташкили ҳамкории натиҷабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Тоҷикистон бебарқиро ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳанд гузошт.

 

Февраль 20, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд
Дар силсиланеругоҳҳои «Варзоб» филиали кафедраи неругоҳҳои электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис ёфт
Аз ҷониби Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таъмири роҳ 134 фоиз иҷро шуд
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди истифтода қарор гирифтанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат» шинос шуд
Бозори суғуртаи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалии «TA Consult» таҳқиқ мешавад
Ҳамкории Кумитаи андози Тоҷикистон бо Донишкадаи муштараки Вена (JVI) баррасӣ шуд
Шурои мудирони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ нахустин маротиба дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор шинос шуд
Беш аз 9000 корманди корхонаву муассисаҳо дар Ёвон дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ гузаронида шуданд
Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд