Дар Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова, ки дар шаҳри Париж ба дарёфти мукофоти ЮНЕСКО шарафёб шуд, барномаи фарҳангӣ доир гардид. Дар барнома аҳли илму фарҳанг, хешу табор ва дӯстони тарроҳ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо коллексияи «Наврӯз»-и худ зери бренди «ZHIWJ» дар намоиши мӯди «Oriental Fashion Paris -2020», ки аз 19 то 20 январ дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО оид ба дизайн гардид.
Нафиса аз ҷараёни сафараш бо эҳсосоти хуб нақл карда, гуфт, ки “пеш аз он ки мо ба намоиши либос шурӯъ кунем, дар Париж нишасти матбуотӣ доир шуд ва дар он ҷо ба ман суолҳои зиёд оид ба коллексияам доданд. Ва ман дар он ҷо гуфтам, ки либосҳои мо бештар бо риштаи зард дӯхта шудаанд. Мардуми он ҷо гумон кардаанд, ки тамоми либосҳо аз сар то по аз тиллои тоза ҳастанд. Рӯзи дигар омада пурсиданд, ки куҷост он либосе, ки аз тилло омода шудааст ва ман ҳам зиракиро аз даст надода, гуфтам, ки онро фурӯхтем…”. (механдад).
Нафиса Имронова дар шаҳри Париж аз минбари баланд бо ифтихор гуфт, ки вай зодаи даврони Истиқлол аст ва дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аз ин рӯ тамоми нақшу нигори коллексияи наврӯзиашро ба ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ бахшидааст.
Дар барномаи фарҳангӣ Нафиса Имронова иброз намуд, ки бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари ширкати «Tajikistan Fashion Week» (Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон) Тоҳир Иброҳимов дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуд. Намоишгоҳи байналмилалӣ тӯли се рӯз идома ёфта, дар он 30 тарроҳ аз Аврупо ва Осиё ширкат варзиданд. Ҳар як тарроҳ 10 либосро намоиш доданд. Нафиса дар ин намоишгоҳ коллексияи нави наврӯзии худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод.
Ин бонуи ҳунар дар байни давлатҳои хориҷӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷикон чӣ гуна таъриху фарҳанги куҳан доранд. Дар оғӯшаш ин куҳандиёр фарзандони соҳибватану меҳандӯстеро парваридааст, ки парчаму номашро дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд мебардоранд.












Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






