Дар Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова барномаи фарҳангӣ доир шуд

Февраль 3, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова, ки дар шаҳри Париж ба дарёфти  мукофоти ЮНЕСКО  шарафёб шуд,  барномаи  фарҳангӣ доир гардид. Дар барнома  аҳли илму фарҳанг,  хешу табор ва дӯстони тарроҳ  иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо коллексияи «Наврӯз»-и худ зери бренди «ZHIWJ» дар намоиши мӯди «Oriental Fashion Paris -2020», ки аз 19 то 20 январ дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО оид ба дизайн  гардид.

Нафиса аз ҷараёни сафараш бо эҳсосоти хуб нақл карда, гуфт, ки “пеш аз он ки мо ба намоиши либос шурӯъ кунем, дар Париж нишасти матбуотӣ доир шуд ва дар он ҷо ба ман суолҳои зиёд оид ба коллексияам доданд. Ва ман дар он ҷо гуфтам, ки либосҳои мо бештар бо риштаи зард дӯхта шудаанд. Мардуми он ҷо гумон кардаанд, ки тамоми либосҳо аз сар то по аз тиллои тоза ҳастанд. Рӯзи дигар омада пурсиданд, ки куҷост он либосе, ки  аз тилло омода шудааст ва ман ҳам зиракиро аз даст надода, гуфтам, ки онро фурӯхтем…”. (механдад).

Нафиса Имронова дар шаҳри Париж аз минбари баланд бо ифтихор гуфт, ки вай зодаи даврони Истиқлол аст ва дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аз ин рӯ тамоми нақшу нигори коллексияи наврӯзиашро ба ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ бахшидааст.

Дар барномаи фарҳангӣ Нафиса Имронова иброз намуд, ки  бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари ширкати «Tajikistan Fashion Week» (Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон) Тоҳир Иброҳимов дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  иштирок намуд. Намоишгоҳи байналмилалӣ тӯли се рӯз идома ёфта, дар он 30 тарроҳ аз Аврупо ва Осиё ширкат варзиданд. Ҳар як тарроҳ 10 либосро намоиш доданд. Нафиса дар ин намоишгоҳ коллексияи нави наврӯзии худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод.

Ин бонуи ҳунар дар байни давлатҳои хориҷӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷикон чӣ гуна таъриху фарҳанги куҳан доранд. Дар оғӯшаш ин куҳандиёр фарзандони соҳибватану меҳандӯстеро парваридааст, ки парчаму номашро дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд мебардоранд.

 

Февраль 3, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст