Дар Душанбе масоили пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машварати омӯзишӣ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он фароҳам овардани ҳаёти солиму шоиста баҳри ҷавонон ва пешгирии бемории фарбеҳӣ байни онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир масъалаи зиёд шудани фарбеҳӣ миёни аҳолӣ мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ шудааст, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидаанд.
Фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) онро бемории ҷаҳонӣ эълон намудааст.
Тибқи маълумоти ТУТ, тайи 10 соли охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида, давлати мо дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128-умро ишғол менамояд.
Ҳоло дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст, ки тамоми табақаҳои аҳолиро фаро мегирад. Барномаи мазкур бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






