Дар Хатлон сехи коркарди равғани растанӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон сехи коркарди равғани растанӣ ба истифода дода мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, корҳои сохтмони сехи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳобиддин Исмоилов бомаром идома дошта, он то ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Барои бунёди коргоҳи мазкур сарфи 1,5 миллион сомонӣ дар назар буда, пас аз пурра ба истифода додани он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
«Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сех иқтидори истеҳсолии он то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, қариб 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд», — омадааст дар иттилояи Вазорат.
Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршудаи ҷаҳонӣ насб мешаванд.
Дар айни замон шумораи корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон бо назардошти корхонаҳои мавсимӣ 463 ададро ташкил медиҳад.
«Корхонаҳои саноати хӯроквории мамлакат дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоии саноатӣ ва рушди иқтисодиёти он саҳми назаррас дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар моҳҳои январ- декабри соли 2019 ба зиёда аз 5 миллиарду 373 миллион баробар гардидааст», — афзуд манбаъ.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






