Дар маркази «Шифобахш» доир ба пешгирии сирояти коронавирус видеосеминари омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тамоми шуъбаҳои Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо либосҳои муҳофизатии зидди бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва дигар маводи тиббӣ таъмин мебошанд. Инчунин бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар муассиса ситоди корӣ таъсис дода шуда, барои бистарӣ намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ҳуҷраҳои махсус ҷудо гардидаанд.
Дар ин бора зимни видеосеминари омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус, ки 8 феврал дар муассисаи мазкур бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид, гуфта шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни семинар ба кормандони соҳаи тиб вобаста ба омилҳои пайдоиши сирояти коронавирус, чорабиниҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур ва дигар масъалаҳои вобаста ба он маълумот пешниҳод карда шуд.
Зикр шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар назди тамоми даромадгоҳҳои бинои Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» маълумотнома ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дар бораи пешгирӣ аз он насб кардааст.
Гуфта шуд, ки чунин семинарҳо вобаста ба омӯзиш ва пешгирии сирояти коронавирус, ки он имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






