Дар Минск лоиҳаи Низомномаи Осорхонаи виртуалӣ оид ба мероси фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ мегардад

Февраль 26, 2020 12:37

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 феврал дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи гурӯҳи корӣ  оид ба таҳияи лоиҳаи Низомнома  дар бораи Осорхонаи виртуалии мероси фарҳангии  кишварҳои  узви Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил барпо мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ҳадафи  лоиҳа муттаҳид сохтани  мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишварҳои  аъзои ИДМ   таҳти Осорхонаи ягонаи виртуалӣ   дар Интеренет  мебошад, ки дар он  намунаҳои  ҷолибтарини  мероси фарҳангӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар назар аст, ки яке аз усулҳои асосии  маҷозикунонии ашёи ба намоишгузоштаи осорхонаҳо манзараҳои вируталӣ (панорамаҳои 3D, панорамаҳои даврӣ, панорамаҳои дараҷаи 360 ) бо тасвири намунаҳои мероси фарҳангӣ, нигораҳои инфиродӣ, тахтаҳои намоишӣ шаванд, ки таваҷҷуҳи тамошобини маҷозиро  бояд ба худ ҷалб созанд.

Шакли асосии пешниҳоди ахбор саёҳати маҷозӣ, аз ҷумла  аксҳо дар ҳавои мусиқӣ ва унсурҳои мултимедиявӣ хоҳад буд.  Чунин сайр метавонад дар асоси аксҳои воқеӣ, ки  дар фазои 3D шабеҳи онро сохтан мумкин аст,  сурат бигирад.

Дар бораи нияти иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон эълон карданд.

Февраль 26, 2020 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад