Дар «Prodexpo-2020», ки имрӯз дар Москва оғоз меёбад, маҳсулоти тозаи экологии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 10 ширкати тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, дастранҷи худро дар 27-умин Намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Prodexpo-2020», ки имрӯз дар маркази намоишгоҳи «Экспостентр»-и шаҳри Москва оғоз меёбад, ба намоиш мегузоранд. Ширкатҳои мазкур дар «ProdExpo-2020», ки бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Россия ва Аврупои Шарқӣ мебошад, маҳсулоти тозаи экологии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки ширкатҳои ватаниро дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо — «Prodexpo-2020» ташкил намуд. Ҳадафи он муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноат иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, намоишгоҳи «ProdExpo-2020» беш аз 2600 нафар иштирокчиёнро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ меорад.
Дар ҷараёни намоишгоҳ вохӯрии содиркунандагони тоҷик бо шабакаҳои бузурги тиҷоратии гурӯҳҳои X5, Окей, Лента ташкил карда мешавад. Намоишгоҳи «Prodexpo 2020» то 14 феврали соли равон идома меёбад.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






