Дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон китобхона таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар партави дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобхона таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар ҶИЭ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, 21 феврал дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо иштироки ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Эрон маҳфил баргузор гардид. Зимни ин маҳфил китобхонае, ки Сафорат дар партави дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри 2019) доир ба тарғиби китоб ва китобхонӣ таъсис додааст, ифтитоҳ гардид. Китобхона аз асарҳои Пешвои миллат, осори шоирон ва нависандагони тоҷик, китобҳо доир ба сиёсати хориҷӣ, фарҳангҳо ва донишномаҳо, китобҳо доир ба таърих ва фарҳангу тамаддуни Тоҷикистон ва Эрон ва ғайра фароҳам омада, теъдоди куллии китобҳо се ҳазор ададро ташкил мекунад.
Зимни ифтитоҳи китобхона таъкид гардид, ки аз китобҳо на танҳо кормандони Сафорат ва ҳамватанон, балки донишмандони эронӣ низ дар таҳқиқоти худ доир ба Тоҷикистон метавонанд истифода кунанд. Барои осон кардани истифода аз китобхона феҳристи китобҳои он омода ва дар сомонаи Сафорат гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин эълом гардид, ки беҳтарин китобхонҳои китобхона дар охири сол аз ҷониби Сафорат тақдир хоҳанд шуд.
«Ба иштироккунандагони маҳфил ҳамчунин маълумот доир ба интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 март баргузор мегардад, ироа гардид. Иштироккунандагони маҳфил бо маводҳои гӯшаи интихобкунандагон, ки аз ҷониби участкаи интихоботии Сафорат таҳия шудааст, шинос гардида, омодагии худро барои истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар мавриди интихоби ҳокимияти қонунгузори кишвар изҳор карданд», — зикр намуд манбаъ.
АКСҲО аз Сафорати ҶТ дар ҶИЭ









Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид






