Дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» сурат мепазирад
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ охирҳои моҳи марти соли равон дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мешавад. Ба 12 нафар ғолибони озмун аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди саноати сабук ва мусоидат ба равнақ ёфтани атласу адрасбофӣ дар мамлакат мебошад.
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят доир мегардад. Дар он ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомон, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд. Дар доираи Фестивал озмун доир шуда, ғолибон аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» муайян карда мешаванд. Тибқи шарти асосии озмун либосҳои дӯхтаи иштирокчиён бояд аз матоъҳои атласу адраси миллӣ омода шуда бошанд.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






