Дар Ваҳдат ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд
ВАҲДАТ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат дар ҳоли рушд қарор дошта, соли 2019 ба шаҳр зиёда аз 137 ҳазор сайёҳон ташриф оварданд. Аз ин шумора 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд, ки барои рушди соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам меоваранд. Ин матлабро раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Зикр шуд, ки дар доираи саноатикунонии мамлакат соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат 5 коргоҳи дӯзандагӣ, як дӯкони истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти чармӣ ва ранг кардани он, корхонаҳои коркарди металлҳои ранга, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, 5 корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ва забҳи паранда ба фаъолият оғоз бахшиданд.
Натиҷаи фаъолияти 83 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ буд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз зиёд гардид.
Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 12 ҳазору 589 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 64 фоизашон ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва 36 фоизашон ба корҳои хизматрасонию савдо машғуланд.








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






