Дар Ваҳдат ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд

Февраль 7, 2020 15:56

ВАҲДАТ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат дар ҳоли  рушд қарор дошта,  соли 2019 ба шаҳр зиёда аз 137 ҳазор сайёҳон ташриф оварданд. Аз ин шумора 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд, ки барои рушди  соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам меоваранд. Ин матлабро раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зикр шуд, ки дар доираи саноатикунонии мамлакат соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат  5 коргоҳи дӯзандагӣ, як дӯкони истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ,  як  корхонаи коркарди маҳсулоти чармӣ ва ранг кардани он,  корхонаҳои коркарди металлҳои ранга,  истеҳсоли  маҳсулоти қаннодӣ, 5 корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ва забҳи паранда ба фаъолият оғоз бахшиданд.

Натиҷаи фаъолияти 83 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ буд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз зиёд гардид.

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 12 ҳазору 589 нафар  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд,  ки аз онҳо 64 фоизашон ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва 36 фоизашон ба корҳои хизматрасонию савдо машғуланд.

Февраль 7, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст»
Тоҷикистон ва Русия барои афзудани шумораи гардишгарон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии Душанберо тамошо намуданд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкорӣ байни ниҳодҳо ва ширкатҳои сайёҳии ду давлатро баррасӣ намуданд
Намоядагони Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар Гурҷистон иштирок намуданд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ-ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ ПЕШРАФТАИ САЙЁҲИИ ДУНЁ! Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ
Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд
Иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Соро Аҳмадӣ аз Эрон: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғарибӣ намекунем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад
Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 зиёда аз 110 ширкати сайёҳӣ ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд