Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ вазъи имрӯзаи театри тоҷик ва драматургияи муосир баррасӣ гардид

Февраль 19, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи театри тоҷик ва драматургияи муосир» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа муовини якуми Вазири фарҳанг Обидҷон Назариён, роҳбарон ва ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидони театрӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои мубрами марбут ба фаъолияти театрҳо, аз ҷумла «Мушкилот ва пешомадҳои драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият», «Ҷустуҷӯ ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрӯза», «Андешаҳо перомуни репертуари театрҳои мамлакат» ва «Драматургия ва мақоми он дар ҷомеа» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Иштирокчиён оид ба мушкилоти таҳияи асарҳои барҷаста, ки инъикосгари муаммоҳои мубрами ҳаёти имрӯза ва дастовардҳои солҳои истиқлолият мебошанд, сухан гуфта, пешниҳод намуданд, ки минбаъд байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкории зич ба роҳ монда шавад.

Зимни ҷаласа доир ба шомил намудани намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг, таъсиси нашрияи театрӣ ва ташкили фестивалҳои байналмилалии театрӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2019 аз ҷониби театрҳои касбии мамлакат 55 асари нав пешниҳод гардиданд, ки 30 асар аз драматургони тоҷик ва 25 асар аз муаллифони хориҷӣ мебошанд.

Ҳамчунин соли гузашта аҳли санъат ва ҳунари тоҷик дар чандин барномаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Имсол кормандони театр  ният доранд, ки бо пешниҳоди асарҳои баландмазмун ба дастовардҳои бештар ноил шаванд.

Февраль 19, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид