Дар вилояти Суғд соли гузашта 102 корхонаву коргоҳи нав бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 05.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар вилояти Суғд 102 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 888,3 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2019 бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ дар вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидаст.
«Соли 2019 бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими 2471 иншоот пешбинӣ шуда, дар амал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2666 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки 107,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд»,- иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






