Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1454
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ
аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 10 январи соли 1961 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,
соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили халқ ҳаст ё не узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2006 ордени «Шараф» дараҷаи I
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1978-1980 | Коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара |
Солҳои 1980-1982 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия |
Солҳои 1982-1987 | Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент |
Солҳои 1987-1989 | Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод |
Солҳои 1989-1993 | Раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара |
Солҳои 1993-1995 | Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон |
Солҳои 1995-2000 | Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2001 | Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2006 | Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2008 | Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2010 | Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2010-2013 | Раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2013-2019 | Раиси вилояти Хатлон |
аз январи соли 2019 то имрӯз | Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Исматуллозода Ш.И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1455
ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло
аз сентябри соли 2015 дар вазифаи директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кор мекунад.
Соли таваллуд 14 марти соли 1970 Ҷойи таваллуд ноҳияи Ҳисор
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1992 Университети давлатии Тоҷикистон (рӯзона),
соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст
Ихтисос забоншинос, ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ доктори илми филология
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1987-1992 | Донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Солҳои 1992-1994 | Коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1994-1997 | Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-2000 | Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2000-2006 | Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2009 | Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2009 -2012 | Сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2012 -2014 | Директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2015 | Муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода |
Аз снтябри соли 2015 то имрӯз | Директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ |
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон озод намудани Мамадшоев Д.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1456
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Назаршозода Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1457
НАЗАРШОЗОДА Лоиқ
аз 30 январи соли 2019 дар мансаби Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 29 ноябри соли 1971 Ҷои таваллуд ноҳияи Роштқалъа
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос иқтисодчӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1989 – 1990 | Коргари совхози Октябри ноҳияи Роштқалъа |
Солҳои 1990 – 1992 | Хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, шаҳри Армавири ФР |
Солҳои 1992 – 1993 | Муаллими тайёри ҳарбии ибтидоии мактабӣ миёнаи № 81 ноҳияи Роштқалъа |
Солҳои 1993 – 1998 | Сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа |
Солҳои 1999 – 2001 | Иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009 – 2010 | Мутахассиси пешбари шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2010 – 2014 | Сармутахассиси шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2015 | Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2019
|
Муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз 30 январи соли 2019 то имрӯз | Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |