Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2020 16:03

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1454

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ            

аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд   10 январи соли 1961   Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                                      Маълумот      олӣ

соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст

 

Ихтисос    муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили халқ ҳаст ё не  узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2006  ордени «Шараф» дараҷаи I

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1980 Коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 1980-1982 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия
Солҳои 1982-1987 Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент
Солҳои 1987-1989 Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод
Солҳои 1989-1993 Раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара
Солҳои 1993-1995 Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон
Солҳои 1995-2000 Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2001 Раиси Кумитаи захираҳои замин  ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2006 Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2008 Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2010 Муовини раиси вилояти Суғд
Солҳои 2010-2013 Раиси шаҳри Турсунзода
Солҳои 2013-2019 Раиси вилояти Хатлон
аз январи соли 2019 то имрӯз Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Исматуллозода Ш.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1455

ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло

аз сентябри  соли 2015 дар вазифаи  директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кор мекунад.

 

Соли таваллуд  14 марти соли 1970              Ҷойи таваллуд  ноҳияи  Ҳисор

Миллат   тоҷик                                                 Таҳсилот    олӣ

Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистон (рӯзона),

соли  2011  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  (ғоибона)   хатм кардааст

Ихтисос  забоншинос, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    доктори илми филология

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони  халқ ҳаст ё не    не

Бо  мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

 

Кор ва фаъолияти  собиқа:

Солҳои 1987-1992 Донишҷӯи   факултети филологияи тоҷики  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Солҳои 1992-1994 Коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 1994-1997 Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 1997-2000 Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2006 Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2009 Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон
Солҳои 2009 -2012 Сардори Раёсати  илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012 -2014 Директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Солҳои  2014-2015 Муовини  ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода
Аз снтябри соли 2015 то имрӯз Директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон озод намудани Мамадшоев Д.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1456

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Назаршозода Л.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1457

НАЗАРШОЗОДА  Лоиқ   

 

аз 30 январи  соли 2019 дар мансаби Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 29 ноябри соли 1971           Ҷои таваллуд ноҳияи Роштқалъа

Миллат   тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

соли 1999 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос  иқтисодчӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ  оиладор

      Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989 – 1990 Коргари совхози Октябри ноҳияи Роштқалъа
Солҳои 1990 – 1992 Хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, шаҳри Армавири ФР
Солҳои 1992 – 1993 Муаллими тайёри ҳарбии ибтидоии мактабӣ миёнаи № 81 ноҳияи Роштқалъа
Солҳои 1993 – 1998 Сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа
Солҳои 1999 – 2001 Иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе
Солҳои 2009 – 2010 Мутахассиси пешбари шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2010 – 2014 Сармутахассиси шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2019

 

Муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 30 январи соли 2019 то имрӯз Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Февраль 14, 2020 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд