«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Беш аз панҷ ҳазору ҳафтсад хонандаи толори кӯдакону наврасон дар чиҳил рӯзи охир
ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст, хабар дод дирӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Хонандагон дар бештар аз як моҳ зиёдтар аз ҳама китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва адибони муосирро дархост ва мутолиа кардаанд. Бештар барои онҳо “Гулистон” ва “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Рубоиёт”-и Умари Хайём, “Ҳазору як андарз” аз Низомии Ганҷавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, “Одина”, “Аҳмади девбанд”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, осори ибни Сино, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Қиссаҳои айёми таътил”, “Сулҳ чист?”, “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз, “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ, “Ҳазору як чистон”-и Асадулло Сӯфизода, “Дар орзуи падар”-и Кароматуллоҳи Мирзо, “Модарнома”-и Мирзо Турсунзода, гулчини «Маснавии Мавлавӣ», “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, “Чӣ? Кай? Дар куҷо?”, “Духтари капитан”, афсонаву шеърҳои А.С. Пушкин, “Каштанка”-и А.П. Чехов, “Муму”-и И.С. Тургенев, “Об аз куҷо меояд?”-и Аминҷон Шукўҳӣ, “Китоби сурхи ҶТ” қисми 1-2 ва ғайраҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






