«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Беш аз панҷ ҳазору ҳафтсад хонандаи толори кӯдакону наврасон дар чиҳил рӯзи охир

Февраль 11, 2020 18:18

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст, хабар дод   дирӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Хонандагон дар бештар аз як моҳ зиёдтар аз ҳама китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва адибони муосирро дархост ва мутолиа кардаанд. Бештар барои онҳо “Гулистон” ва “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ,  “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Рубоиёт”-и Умари Хайём, “Ҳазору як андарз” аз Низомии Ганҷавӣ, “Шоҳнома”-и  Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, “Одина”, “Аҳмади девбанд”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, осори ибни Сино, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Қиссаҳои айёми таътил”, “Сулҳ чист?”, “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз, “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ,  “Ҳазору як чистон”-и  Асадулло Сӯфизода, “Дар орзуи падар”-и Кароматуллоҳи Мирзо, “Модарнома”-и Мирзо Турсунзода, гулчини «Маснавии Мавлавӣ», “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, “Чӣ? Кай? Дар куҷо?”, “Духтари капитан”, афсонаву шеърҳои А.С. Пушкин, “Каштанка”-и А.П. Чехов, “Муму”-и И.С. Тургенев, “Об аз куҷо меояд?”-и Аминҷон Шукўҳӣ, “Китоби сурхи ҶТ” қисми 1-2 ва ғайраҳоро дархост ва мутолиа кардаанд.

Февраль 11, 2020 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид