Вазорати кишоварзӣ: соли 2020 дар 33 ҳазору 501 гектар картошка кишт мегардад
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дурнамои кишти картошкаро дар масоҳати 33 ҳазору 501 гектар дар назар доштааст, ки нисбат ба соли 2019 зиёд мебошад. Аз ин миқдор 6380 гектари онро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Набизода, тибқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 2881 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шудааст, ки он 46 фоизи иҷрои дурнамои пешбинишударо дар бар мегирад. Дар ин рӯзҳо ҷараёни кишт бо маром идома дорад.
Мавсуф зикр намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ кишти картошкаро соли 2019 дар майдони 33659 гектар гузарониданд, ки истеҳсоли он ба 676 ҳазору 765 тонна расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 27120 тонна зиёд аст.
Ба гуфти мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, барои парвариши ҳосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат бахусус қитъаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ, ки иқлими мусоиду хокҳои ҳосилхез доранд, мувофиқ мебошанд. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ асосан аз навъҳои хориҷии «Биг-Роза», «Пикассо», «Монитоу», «Кондор» ва навъҳои ватании «Зарина», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Шукрона», «Каримӣ», «Рашт», «Тоҷикистон» ва «Овчӣ» истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки ин навъҳо ба иқлими мамлакати мо хеле мутобиқанд.
Бояд тазаккур дод, ки картошка ба оилаи авранҷгулҳо (solanaceae) ва авлодӣ (solanum) мансуб буда, зиёда аз 200 намуди он маълум аст.
Картошка растании алафии бисёрсола буда, вале дар мамлакатҳои дорои иқлими муътадил онро чун растании яксола мепарваранд. Дар ҳарорати 15-160С майсаҳои картошка баъди 14-16 рӯз пайдо мешаванд ва ҳарорати 20-250 С барои ҷараёни фотосинтез, сабзиш ва инкишофи растанӣ мусоид мебошад.
Барои пайдоиши лӯнда дар шароити мо ҳарорати 18-200С мусоид ҳисобида мешавад. То 20С паст ва то 300С баланд шудани ҳарорат шаклгирию калоншавии лундаҳоро бозмедорад. Ҷамъи ҳарорати самаранок барои пурра гузаштани давраи нашъунамои картошка ба 1200-17000С баробар аст.
Умуман соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон рушди устувор дошта, мақсаднок истифода бурдани шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба рушди минбаъдаи он мусоид мебошад.








Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад






