Вазорати кишоварзӣ: соли 2020 дар 33 ҳазору 501 гектар картошка кишт мегардад

Февраль 10, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дурнамои кишти картошкаро дар масоҳати 33 ҳазору 501 гектар дар назар доштааст, ки нисбат ба соли 2019 зиёд мебошад. Аз ин миқдор  6380 гектари онро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Набизода, тибқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 2881 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шудааст, ки он 46 фоизи иҷрои дурнамои пешбинишударо дар бар мегирад. Дар ин рӯзҳо ҷараёни  кишт бо маром идома дорад.

Мавсуф зикр намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ кишти картошкаро соли 2019 дар майдони 33659 гектар гузарониданд, ки  истеҳсоли он ба 676 ҳазору 765 тонна расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба  соли 2018 27120 тонна зиёд аст.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, барои парвариши ҳосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат бахусус қитъаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ, ки иқлими мусоиду хокҳои ҳосилхез доранд, мувофиқ мебошанд. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ асосан аз навъҳои хориҷии «Биг-Роза», «Пикассо», «Монитоу», «Кондор» ва навъҳои ватании «Зарина», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Шукрона»,  «Каримӣ», «Рашт», «Тоҷикистон» ва «Овчӣ» истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки ин навъҳо ба иқлими мамлакати мо хеле мутобиқанд.

Бояд тазаккур дод, ки картошка ба оилаи авранҷгулҳо (solanaceae) ва авлодӣ (solanum) мансуб буда, зиёда аз 200 намуди он  маълум аст.

Картошка растании алафии бисёрсола буда, вале дар мамлакатҳои дорои иқлими муътадил онро чун растании яксола мепарваранд. Дар ҳарорати 15-160С майсаҳои картошка баъди 14-16 рӯз пайдо мешаванд ва ҳарорати 20-250 С барои ҷараёни фотосинтез,  сабзиш ва инкишофи растанӣ мусоид мебошад.

Барои пайдоиши лӯнда дар шароити мо ҳарорати 18-200С мусоид ҳисобида мешавад. То 20С паст ва то 300С баланд шудани ҳарорат шаклгирию калоншавии лундаҳоро бозмедорад. Ҷамъи ҳарорати самаранок барои пурра гузаштани давраи нашъунамои картошка ба 1200-17000С баробар аст.

Умуман соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон рушди устувор дошта, мақсаднок истифода бурдани шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба рушди минбаъдаи он мусоид мебошад.

Февраль 10, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд