Георгина Бейкер: «Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад»
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Бонки милллии Тоҷикистон /БМТ/ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ /КБМ/ дар меҳвари мулоқоти Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудири минтақавии КБМ- Ноиби президенти КБМ дар Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Георгина Бейкер қарор дошт.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории дуҷониба дар самти рушди низоми бонкии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, БМТ минбаъд низ хоҳони идомаи ҳамкории судманд ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон буда, дар ин самт ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судманд амалӣ хоҳад кард. Раиси БМТ таваҷҷуҳи намояндагони КБМ-ро ба масъалаи ҳамкорӣ бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузорӣ барои дастгирии бахши хусусӣ, махсусан занони соҳибкор ва рушди сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст, пешниҳоди қарзҳои арзони дарозмуддат ва миёнамуҳлат, зиёд намудани ҳаҷми сармояи КБМ дар соҳаи бонкии мамлакат, пешниҳоди кумаки техникӣ барои рушди соҳаи суғурта ҷалб сохт.
Раиси БМТ идома додани ҳамкориро бо КБМ дар самти таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирӣ дастгирӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи БМТ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дурнамои рушди бахши молиявии мамлакат, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар карданд.
Хонум Георгина Бейкер аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки низоми бонкӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд карда истодааст. Чунин пешравӣ дар соҳаи соҳибкорӣ натиҷаи худро расонидааст. Тибқи раддабандии Бонки ҷаҳонӣ соли 2020 дар самти пешбурди соҳаи соҳибкорӣ Тоҷикистон аз зинаи 126 боло рафта, ба зинаи 106 расид, ки ин қобили таҳсин аст, иброз дошт Георгина Бейкер. Мавсуф бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти татбиқшуда дар низоми бонкии Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии БМТ низоми бонкии мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, минбаъд низ устувории он таъмин хоҳад шуд.
Инчунин ҷонибҳо оид ба рушди пардохти ғайринақдӣ сухан карда, иброз намуданд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад ва чунин дастовард дар рушди иқтисодиёти мамлакат натиҷаи мусбат гузоштааст.
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бахши фаръии Бонки ҷаҳонӣ ва узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, бузургтарин ниҳоди ҷаҳонии рушд буда, фаъолияти худро ба самти бахши хусусӣ дар бозорҳои рушдёбанда равон кардааст.








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






