Георгина Бейкер: «Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад»

Февраль 21, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Бонки милллии Тоҷикистон /БМТ/  бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ /КБМ/ дар меҳвари мулоқоти Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудири минтақавии КБМ- Ноиби президенти КБМ дар Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Георгина Бейкер қарор дошт.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории дуҷониба дар самти рушди низоми бонкии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, БМТ минбаъд низ хоҳони идомаи ҳамкории судманд ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон буда, дар ин самт ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судманд амалӣ хоҳад кард. Раиси БМТ таваҷҷуҳи намояндагони КБМ-ро ба масъалаи ҳамкорӣ бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузорӣ барои дастгирии бахши хусусӣ, махсусан занони соҳибкор ва рушди сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст, пешниҳоди қарзҳои арзони дарозмуддат ва миёнамуҳлат, зиёд намудани ҳаҷми сармояи КБМ дар соҳаи бонкии мамлакат, пешниҳоди кумаки техникӣ барои рушди соҳаи суғурта ҷалб сохт.

Раиси БМТ идома додани ҳамкориро бо КБМ дар самти таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирӣ дастгирӣ намуд.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи БМТ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дурнамои рушди бахши молиявии мамлакат, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар  карданд.

Хонум Георгина Бейкер аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки низоми бонкӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд карда истодааст. Чунин пешравӣ дар соҳаи соҳибкорӣ натиҷаи худро расонидааст. Тибқи раддабандии Бонки ҷаҳонӣ соли 2020 дар самти пешбурди соҳаи соҳибкорӣ Тоҷикистон аз зинаи 126 боло рафта, ба зинаи 106 расид, ки ин қобили таҳсин аст, иброз дошт Георгина Бейкер. Мавсуф бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти татбиқшуда дар низоми бонкии Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии БМТ низоми бонкии мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, минбаъд низ устувории он таъмин хоҳад шуд.

Инчунин ҷонибҳо оид ба рушди пардохти ғайринақдӣ сухан карда, иброз намуданд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад ва чунин дастовард дар рушди иқтисодиёти мамлакат натиҷаи мусбат гузоштааст.

Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бахши фаръии Бонки ҷаҳонӣ ва узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, бузургтарин ниҳоди ҷаҳонии рушд буда, фаъолияти худро ба самти бахши хусусӣ дар бозорҳои рушдёбанда равон кардааст.

Февраль 21, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад