Гулнора Ҳасанзода: «Ба Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид»

Февраль 13, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон барои тарғибу ташвиқи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфузи СММ 2600 тақвими деворӣ ва рӯимизӣ, 130,0 ҳазор адад тақвимҳои кисагӣ ва 3630 варақаи таблиғотӣ омода гардидаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода иброз намуд.

«Инчунин 27 декабри соли 2019 аз ҷониби Хазинаи нуфуз ва намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид. Планшетҳои мазкур дар оянда пас аз гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои тадқиқоти оморӣ истифода хоҳанд шуд»,-илова намуд Гулнора Ҳасанзода.

Номбурда зикр кард, ки маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ фақат бо мақсади оморӣ гирифта шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат менамоянд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтанд, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошанд, ба рӯйхат гирифта мешаванд.

«Ҳамаи маълумоти дар вақти барӯйхатгирӣ гирифташуда ба ягон тадбирҳои маъмурӣ, тақсимоту истифодаи масоҳати манзил ва дигар воситаҳои хизмати коммуналӣ дахл надорад. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бе талаби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти шахсӣ гузаронида мешавад»,-гуфт директори Агентӣ.

Ҷинс, синн, сана ва ҷои таваллуд, миллат, забони модарӣ, донистани дигар забонҳо, шаҳрвандӣ, ҳолати оилавӣ, шумораи фарзандон, таҳсилот, ҷои зист, фаъолияти муҳоҷиратӣ, шароити манзилӣ, фонди манзил, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва шуғл аз саволҳое мебошанд, ки дар варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷой дода шудаанд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020   тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се усул, яъне пур карани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва бо усули анъанавӣ пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот истифода мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ, ки ба соли равон -2020 рост меояд, ҳамроҳ шуд.  Масъалаи мазкур ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 16 сентябри соли 2019 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷонибдорӣ карда шуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад.

Февраль 13, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад