Имконияти амалӣ кардани нақшаҳои бунёдкорӣ барои соҳибкорони тоҷики бурунмарзӣ дар вилояти Хатлон бештар мегардад

Февраль 3, 2020 11:59

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ  дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангӣ, диаспораҳо ва  соҳибкорони тоҷик  бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ суҳбату мулоқот намуда истодааст.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР Садбаргӣ Боқӣ иттилоъ медиҳад, чунин вохӯрии судманди гурӯҳи корӣ бо роҳбарии  муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода  дар минтақаи Сибир баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ Ёқубзода Саид ва муовини раиси ноҳияи Қубодиён Алӣ Тоҷиев иштирок намуданд.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо ҳамватаноне, ки дар Сибир ва минтақаҳои он кору зиндагӣ мекунанд, дар корхонаву муассисаҳо,  хусусан   дар корхонаи истеҳсолии “Новосибхолод”, дар Маркази саломатии “СВ ПРОФИ +” ва  бо аъзои фаъолтарин ҷамъияти   тоҷикони  Новокузнетск дар толори васеи хонаи “Дӯстии халқҳо”-и ба номи Заволокинаи вилояти Новосибирск  сурат гирифт. Дар ҷараёни баргузории онҳо доираи васеи ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақи ватанӣ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск,  муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонону ширкаткунандагон дар бораи ободиҳои ватан, ҷалби ҳамватанон ва сармоягузориҳо барои пешрафту ободии ватан изҳори назар намуда,  суҳбати муфиду самимӣ доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти вилояти Хатлон иқдоми наҷибе роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳар як ҳамватане, ки хостори сохтани иншооти корӣ, маданию маишӣ ва ё  варзишгоҳ аст, бо замин ва нақшаи сохтмон  ройгон таъмин гардида, барои пешрафти корашон мусоидат хоҳанд кард. Чунин иқдомҳои наҷибу созанда имкон медиҳанд, ҳар як соҳибкоре, ки имкони таъсиси корхонаву иншооти маишиву истеҳсолӣ дорад, дорои корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург гардида, на танҳо шароити зисту зиндагонии худу пайвандонашро беҳтар намояд, ҳамчунин барои бо ҷойи кор таъмин шудани чанде аз ҳамватанон саҳми муносиб гузорад.

Ҳоло бо пешниҳоду дастурҳои созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон чунин иқдомҳои наҷибу созанда роҳандозӣ гардида истодаанд. Албатта,  ин тадбирҳои судманд баҳри  ободию пешрафти ватани маҳбуб равона гардида, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, рушди чорводорию мурғпарварӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтани мактабҳои муосиру варзишгоҳҳо ва хонаҳои истиқоматии замонавӣ мусоидат хоҳанд кард.

Февраль 3, 2020 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд