Имконияти амалӣ кардани нақшаҳои бунёдкорӣ барои соҳибкорони тоҷики бурунмарзӣ дар вилояти Хатлон бештар мегардад
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангӣ, диаспораҳо ва соҳибкорони тоҷик бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ суҳбату мулоқот намуда истодааст.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР Садбаргӣ Боқӣ иттилоъ медиҳад, чунин вохӯрии судманди гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода дар минтақаи Сибир баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ Ёқубзода Саид ва муовини раиси ноҳияи Қубодиён Алӣ Тоҷиев иштирок намуданд.
Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо ҳамватаноне, ки дар Сибир ва минтақаҳои он кору зиндагӣ мекунанд, дар корхонаву муассисаҳо, хусусан дар корхонаи истеҳсолии “Новосибхолод”, дар Маркази саломатии “СВ ПРОФИ +” ва бо аъзои фаъолтарин ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск дар толори васеи хонаи “Дӯстии халқҳо”-и ба номи Заволокинаи вилояти Новосибирск сурат гирифт. Дар ҷараёни баргузории онҳо доираи васеи ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақи ватанӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонону ширкаткунандагон дар бораи ободиҳои ватан, ҷалби ҳамватанон ва сармоягузориҳо барои пешрафту ободии ватан изҳори назар намуда, суҳбати муфиду самимӣ доир намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти вилояти Хатлон иқдоми наҷибе роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳар як ҳамватане, ки хостори сохтани иншооти корӣ, маданию маишӣ ва ё варзишгоҳ аст, бо замин ва нақшаи сохтмон ройгон таъмин гардида, барои пешрафти корашон мусоидат хоҳанд кард. Чунин иқдомҳои наҷибу созанда имкон медиҳанд, ҳар як соҳибкоре, ки имкони таъсиси корхонаву иншооти маишиву истеҳсолӣ дорад, дорои корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург гардида, на танҳо шароити зисту зиндагонии худу пайвандонашро беҳтар намояд, ҳамчунин барои бо ҷойи кор таъмин шудани чанде аз ҳамватанон саҳми муносиб гузорад.
Ҳоло бо пешниҳоду дастурҳои созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон чунин иқдомҳои наҷибу созанда роҳандозӣ гардида истодаанд. Албатта, ин тадбирҳои судманд баҳри ободию пешрафти ватани маҳбуб равона гардида, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, рушди чорводорию мурғпарварӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтани мактабҳои муосиру варзишгоҳҳо ва хонаҳои истиқоматии замонавӣ мусоидат хоҳанд кард.








Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026». Дар намоиши байналмилалӣ беш аз 60 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд
КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?






